Бомдод | Пойгоҳи хабарӣ
1.2K subscribers
5.67K photos
21 videos
1 file
5.8K links
“Бомдод” (www.bomdod.com) - расонаи мустақил аст, ки хабару таҳаввулот ва масоили Тоҷикистону минтақаро пайгирӣ мекунад.
Download Telegram
ҲУКМИ ҚАТЛИ БОБАКИ ЗАНҶОНӢ БЕКОР ШУД. МАГАР Ӯ 2 МИЛЛИАРД ЕВРО ҚАРЗАШРО БА ЭРОН БАРГАРДОНД?

Додгоҳи Эрон ҳукми қатли миллиардери эронӣ Бобаки Занҷониро бекор ва ба ҷои ин ӯро ба 20 соли зиндон маҳкум кардааст. Занҷонӣ аз соли 2013 ба ин сӯ, инак беш аз 10 сол боз дар ҳабс қарор дорад ва вакили ӯ гуфтааст, азбаски Занҷонӣ алакай беш аз нисфи ҳукми навашро алакай адо кардааст, метавонад барои раҳоии…

https://www.bomdod.com/2024/05/01/hukmi-qatli-bobaki-zanjoni-bekor-shud-magar-u-2-milliard-evro-qarzashro-ba-jeron-bargardond/
ХУЛОСАИ ХАБАРҲОИ МУҲИМИ 1 МАЙИ СОЛИ 2024 (ВИДЕО)

Салом, тамошобинони гиромӣ!

Хулосаи хабарҳои муҳими 1 майи Тоҷикистон ва минтақаро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” бароятон пешкаш мекунем.

 Шурӯъ мекунем аз  як нигоҳи кӯтоҳ ба сархати хабари муҳими рӯз.

ДАР ИН БАРНОМА:

РУСИЯ ДАР 4 РӮЗ ТАНҲО АЗ ФУРУДГОҲИ ВНУКОВО 643 ТОҶИКРО ДЕПОРТ КАРДААСТ

ВАЗИРИ ХОРИҶАИ РУСИЯ ВАЪДА ДОД, КИ ТАФТИШИ ТОҶИКҲО ДАР МАРЗҲОИ РУСИЯ…

https://www.bomdod.com/2024/05/01/hulosai-habarhoi-muhimi-1-maji-soli-2024-video/
НАҚШАИ БАҲОРИИ ДАЪВАТ БА АРТИШ ДАР ЯК МОҲИ АВВАЛ 70 ФОИЗ ИҶРО ШУДААСТ (7 АКС)

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон рӯзи 1 майи соли 2024 бо ҷамъбасти натиҷаҳои як моҳи аввали мавсими баҳории даъват ба саффи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ хабар дод, ки дар моҳи апрели нақшаи умумии даъват ба артиш 70 фоиз иҷро шудааст. Барои муқоиса, дар моҳи аввали даъвати тирамоҳӣ, яъне дар моҳи октябри соли 2023 нақша 75 фоиз ва дар…

https://www.bomdod.com/2024/05/02/naqshai-bahorii-davat-ba-artish-dar-jak-mohi-avval-70-foiz-ijro-shudaast/
БАРХӮРДИ МАРГБОРИ ДУ СКУТЕР ДАР ҚУБОДИЁН, ДУЗДИИ ПУЛ ДАР БОЗОРИ ИСТАРАВШАН ВА ҚАЛЛОБӢ ДАР МАҒОЗАИ “АРЗОН”

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 2 майи соли 2024

Бар асари бархӯрди ду “Скутер” ронанда ба ҳалокат расид

30-юми апрели соли 2024, тахминан соатҳои 11:45-дақиқа, ронандаи дучархаи тамғаи “Скутер”, Сафаров Элназар Бобоқулович, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Қубодиён, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Қизил-Нишон ба самти ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти ноҳияи…

https://www.bomdod.com/2024/05/02/barhurdi-margbori-du-skuter-dar-qubodiyon-duzdii-pul-dar-bozori-istaravshan-va-qallobi-dar-maghozai-arzon/
ВИДЕОИ ДАР ПЕТЕРБУРГ БО ҶАНГУ ҶАНҶОЛ АЗ ТРОЛЛЕЙБУС РОНДАНИ ЗАНОНИ ТОҶИКИСТОНӢ

Дар рӯзҳои охир дар гуруҳҳои муҳоҷирони тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеое чарх мезанад, ки чӣ гуна мусофирон се зани ҳиҷобпӯшро бо кӯдакони хурдсолашон аз троллейбус пеш мекунанд. Ин занҳо байни худ  ва бо кӯдаконашон ба тоҷикӣ ҳарф мезананд ва зоҳиран аз Тоҷикистонанд. Дар пасманзари мавҷи нави таъқиби муҳоҷирони тоҷик, ки баъди ҳамлаи хунини “Крокус Сити…

https://www.bomdod.com/2024/05/02/videoi-dar-peterburg-bo-jangu-janjol-az-trollejbus-rondani-zanoni-tojikistoni/
БОНКИ ИСЛОМИИ РУШД БАРОИ БУНЁДИ НИРӮГОҲИ РОҒУН 550 МИЛЛИОН ДОЛЛАР ҶУДО МЕКУНАД

Бонки исломии рушд рӯзи 27 апрели соли 2024 барои сохтмони нирӯгоҳи барои Тоҷикистон ҳаётан муҳими Роғун 550 миллион доллар сармоя ҷудо кардааст. 150 миллион аз ин маблағро худи Бонки исломии рушд ва 400 миллион доллари боқимондаашро сандуқҳои рушди араб ҷудо мекунанд. Дар ин бора сомонаи расмии вазорати иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар дод.

Бино ба…

https://www.bomdod.com/2024/05/02/bonki-islomii-rushd-baroi-bunyodi-nirugohi-roghun-550-million-dollar-judo-mekunad/
БОЗДОШТИ 8 ФУТБОЛБОЗИ ТОҶИК ДАР МАСКАВ ДАР ПАЙИ ЗАНОЗАНӢ ДАР ВАРЗИШГОҲ (ВИДЕО)

Рӯзи 28 апрели соли 2024, бозии футбол байни ду дастаи лигаи ҳаваскорони шаҳри Маскав бо занозанӣ анҷом ёфт ва дар пайи он, 8 футболбози зодаи Тоҷикистонро дастгир кардаанд.

Дар ин бора Телеграм-канали “База” бо нашри видеои лаҳзаи занозанӣ байни футболбозони дастаҳои “Хоса” ва “ЮЗАО” хабар дод. Ба дастикам ду футболбози “Хоса” ин занозанӣ метавонад бо…

https://www.bomdod.com/2024/05/02/bozdoshti-8-futbolbozi-tojik-dar-maskav-dar-paji-zanozani-dar-varzishgoh-video/
ДАР МУСОБИҚАИ “ТОСКӮЛОҲИ БУЗУРГИ ДУШАНБЕ” ҚАРИБ 400 ВАРЗИШГАР АЗ 65 КИШВАР ИШТИРОК МЕКУНАНД

Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии гуштини дзюдо, ё ҷудо (IJF), барои иштирок дар мусобиқаи «Dushanbe Grand Slam 2024» 390 варзишгар аз 65 кишвари панҷ қораи ҷаҳон номнавис шудаанд.

Федедаратсияи ҷудои Тоҷикистон хабар дод, ки беш аз 200 варзишгар дар Осоишгоҳи «Шоҳамбарӣ» ва боқимонда дар меҳмонхонаҳои шаҳри Душанбе бо шароити хуби истиқоматӣ ва тамрин…

https://www.bomdod.com/2024/05/02/dar-musobiqai-toskulohi-buzurgi-dushanbe-qarib-400-varzishgar-az-65-kishvar-ishtirok-mekunand/
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон  бо такя ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар қаламрави кишвар рӯзҳои оянда ҳавои номусоид дар назар аст. Чунончӣ, рӯзҳои 4-5 майи соли 2024 дар як қатор ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳии вилояти Суғд, ноҳияҳои вилояти Хатлон, бахусус навоҳии Хуросон ва Ёвон, ҳамчунин ҳудуди ноҳияи Дарвози ВМКБ боронҳои шадид меборанд.  Дар…

https://www.bomdod.com/2024/05/02/51187/
ХУЛОСАИ ХАБАРҲОИ МУҲИМИ 2 МАЙИ СОЛИ 2024 (ВИДЕО)

Салом, тамошобинони гиромӣ!

Хулосаи хабарҳои муҳими 2 майи Тоҷикистон ва минтақаро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” бароятон пешкаш мекунем.

 Шурӯъ мекунем аз  як нигоҳи кӯтоҳ ба сархати хабари муҳими рӯз.

ДАР ИН БАРНОМА:

БОЗДОШТИ 8 ФУТБОЛБОЗИ ТОҶИК ДАР МАСКАВ ДАР ПАЙИ ЗАНОЗАНӢ ДАР ВАРЗИШГОҲ

БОНКИ ИСЛОМИИ РУШД БАРОИ БУНЁДИ НИРӮГОҲИ РОҒУН 550 МИЛЛИОН ДОЛЛАР ҶУДО МЕКУНАД…

https://www.bomdod.com/2024/05/02/hulosai-habarhoi-muhimi-2-maji-soli-2024-video/
ВИДЕО АЗ ҶОИ ҲОДИСА: ДАР ҚИРҒИЗИСТОН МОШИНИ БОРКАШИ ПУР АЗ ЯХМОС 29 КӮДАКРО ПАХШ КАРД

Рӯзи 2 майи соли 2024 дар ҷараёни як чорабиниии оммавии бахшида ба достони миллии қирғизӣ “Манас”  дар ноҳияи Сӯзаки вилояти Ҷалолобод дар ҷануби Қирғизистон  як мошини боркаши тамғаи Porter аз баландӣ ба ҳаракат даромада, 29 кӯдакро пахш кард. Маълум нест, ки ронандааш барои чӣ муҳаррики ин мошини пур аз яхмосро хомӯш накардааст? Дар видеои нашршуда…

https://www.bomdod.com/2024/05/03/video-az-joi-hodisa-dar-qirghiziston-moshini-borkashi-pur-az-jahmos-29-kudakro-pahsh-kard/
ДАР ҲИСОР 5 ЛӮЛИЗАН БО БАҲОНАИ ОБНӮШӢ АЗ ЯК ХОНА ПУЛУ ҶАВОҲИРОТИ ЗИЁДРО ДУЗДИДААНД

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 3 майи соли 2024

Ифшо шудани дуздии маблағу ҷавоҳирот аз хонаи истиқоматӣ

Ба ШВКД дар шаҳри Ҳисор аризаи зани 26-солаи сокини шаҳри мазкур ворид гардидааст, ки 30-юми апрели соли 2024, тахминан соати 14:30-дақиқа, 5 лӯлизан бо мақсади обнӯшӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, бо роҳи пинҳонӣ аз…

https://www.bomdod.com/2024/05/03/dar-hisor-5-lulizan-bo-bahonai-obnushi-az-jak-hona-pulu-javohiroti-ziyodro-duzdidaand/
800 РӮЗИ ҶАНГИ РУСИЯ БО УКРАИНА: КӢ ЧӢ БУРД ВА ЧӢ БОХТ?

800-умин рӯзи ҷанг байни Руссияву Украина замоне фаро расид, ки қариб 61 миллиард доллар кумакҳои Амрико пас аз 6 моҳи кашмакашҳои зиёд дар Конгресс билохира иҷоза дода шуду акнун дар роҳи расидан ба Киев ҳастанд. Вале ба назар мерасад, ки муттаҳиддони Украина барои наҷоти ин кишвари ҷангзадаи аврупоӣ каме таъхир кардаанд. Коршиносони низомӣ кумакҳои Амрикоро…

https://www.bomdod.com/2024/05/03/800-ruzi-jangi-rusija-bo-ukraina-ki-chi-burd-va-chi-boht/
800 РӮЗИ ҶАНГИ РУСИЯ БО УКРАИНА: КӢ ЧӢ БУРД ВА ЧӢ БОХТ?

800-умин рӯзи ҷанг байни Руссияву Украина замоне фаро расид, ки қариб 61 миллиард доллар кумакҳои Амрико пас аз 6 моҳи кашмакашҳои зиёд дар Конгресс билохира иҷоза дода шуду акнун дар роҳи расидан ба Киев ҳастанд. Вале ба назар мерасад, ки муттаҳиддони Украина барои наҷоти ин кишвари ҷангзадаи аврупоӣ каме таъхир кардаанд. Коршиносони низомӣ кумакҳои Амрикоро…

https://www.bomdod.com/2024/05/03/800-ruzi-jangi-rusija-bo-ukraina-ki-chi-burd-va-chi-boht/
БА ШАҲРВАНДОНИ ҚИРҒИЗИСТОН ҲАМ МАШВАРАТ ДОДАНД, КИ БА РУСИЯ САФАР НАКУНАНД

Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон ба шаҳрвандони ин ҷумҳурӣ машварат додааст, ки муваққатан аз сафарҳои бидуни зарурати ҷиддӣ ба Русия худдорӣ кунанд.

Вазорат дар посух ба гузоришҳои расонаҳо дар мавриди ба Русия роҳ надодани шаҳрвандони қирғиз гуфт, “то 2 майи соли 2024 хабаре дар бораи ба таври оммавӣ ба қаламрави Русия роҳ надодани шаҳрвандони Қирғизистон ба…

https://www.bomdod.com/2024/05/03/ba-shahrvandoni-qirghiziston-ham-mashvarat-dodand-ki-ba-rusija-safar-nakunand/
“СОМОН ЭЙР” БА ПАРВОЗҲО АЗ ХУҶАНД БА УРУМЧӢ ОҒОЗ МЕКУНАД

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” рӯзи 2 майи соли 2024 бо нашри як иттилоия аз ифтитоҳи хатсайри мустақими Хуҷанд-Урумчӣ-Хуҷанд хабар дод. Хадамоти матбуотии “Сомон Эйр” гуфт, сокинони шаҳри Хуҷанд акнун имкон пайдо мекунанд, ки мустақиман ба Урумчӣ парвоз намоянд. Интизор меравад, парвози нахустин дар ин масир 16-уми майи соли 2024 сурат бигирад.

 Парвозҳо аз Хуҷанд ба…

https://www.bomdod.com/2024/05/03/somon-jejr-ba-parvozho-az-hujand-ba-urumchi-oghoz-mekunad/
БОЗДОШТИ ДУ МАНСАБДОРИ БАЛАНДПОЯ ДАР ПАНҶАКЕНТ БАРОИ ҶИНОЯТҲОИ КОРРУПСИОНӢ

Манобеи пойгоҳи хабарии “Бомдод” дар шаҳри Панҷакент рӯзи 3 майи соли 2024 хабар доданд, ки кормандони Агентии мубориза бо коррупсия ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар моҳи апрели соли ҷорӣ ду мансабдори баландпоя дар ин минтақаро бо иттиҳоми даст доштан дар ҷиноятҳои коррупсионӣ дастгир кардаанд.

Як манбаи огоҳ аз ҷараёни қазия дар суҳбат бо…

https://www.bomdod.com/2024/05/03/bozdoshti-du-mansabdori-balandpoja-dar-panjakent-baroi-jinojathoi-korrupsioni/
ТОҶИКИСТОН АЗ ҲОЛЛАНД ХОСТ, КИ “ҶИНОЯТКОРОНИ ТАҲТИ ҶУСТУҶӮ”-РО БИСУПОРАД

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода рӯзи 1 майи соли 2024 дар Душанбе бо сафири Ҳолланд дар Тоҷикистон Николаас Якоб Схермерс мулоқот ва ӯ дар баробари дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ҳамчунин масъалаи боздошт ва ба Тоҷикистон супурдани афродеро, ки таҳти ҷустуҷӯ қарор доранд, баррасӣ кардааст. Схермерс, ки қароргоҳаш дар шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон аст,…

https://www.bomdod.com/2024/05/03/tojikiston-az-holland-host-ki-jinojatkoroni-tahti-justuju-ro-bisuporad/
20 СОЛ БОЗ ДАР ЗИНДОН: МУҲАММАДРӮЗӢ ИСКАНДАРОВ БА СИННИ 70 РАСИД

Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, собиқ генерал-майор, собиқ фармондеҳи нирӯҳои мухолифин дар ҷабҳаи Тоҷикобод, собиқ раиси ҳизби демократ, собиқ раиси ширкати “Тоҷикгаз”… Рӯзи 3 майи соли 2024 ин сиёсатмадори шинохта ба синни 704 расид. Инак 20 сол боз Искандаров дар пушти панҷара қарор дорад. Ӯ соли 2005 баъди эълони азмаш барои гузоштани номзадиаш дар интихоботи президентӣ ба 23…

https://www.bomdod.com/2024/05/03/20-sol-boz-dar-zindon-muhammadruzi-iskandarov-ba-sinni-70-rasid/
МАРГИ ПУРАСРОРИ СОКИНИ ҒАФУРОВ ДАР ШУЪБАИ МИЛИТСИЯ

Бахтиёр Примов, сокини 35-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар шуъбаи милитсияи ин ноҳия ҷон додааст. Сабаби марги ӯ рӯшан нест ва дар паси пардаи асрор боқӣ мемонад. Бахтиёр Примов бо пои худ аз Русия омада, ба шуъбаи милитсия рафта буд, то масъалаи парвандаи гӯё саркашӣ карданаш аз пардохти алиментро ҳал кунад, вале аз шуъба ҷасади беҷонашро…

https://www.bomdod.com/2024/05/03/margi-purasrori-sokini-ghafurov-dar-shubai-militsija/